ФОТИМА МАШРАБОВА ЗАНИ ПРОКУРОР МЕШАВАД?

Ҳафтаи гузашта дар тамоми расонаҳои иҷтимоӣ нахустклипи ситораи тобноки саҳна, Фотима Машрабоваро бо унвони “Ёди ту” ба намоиш гузоштанд. 

Баъди тамошои он, аз дигар шудани имиҷи ин бонуи ҳунар ба ҳайрат омадам. Каме пештар як шиносам гуфта буд, ки Фотима Машрабова бо як ҷавони бадахшонӣ ба шавҳар баромдааст. Пас аз тамошои клип эҳсос намудам, ки Фотима абрӯвонашро чида, симои рӯяшро пурра тағйир додааст ва ин ба духтарҳои ба шавҳар баромада хос аст. Фотимаро зиёд дӯст медорам, аз ҳаимн сабаб бисёр мехоҳам рост ё дурӯғ будани овозаи шавҳар карданашро бифаҳмам. 
Гулдаста, шаҳри Душанбе.
-Салом Фотима!
-Салом, нашинохтам.
-Ман журналист, шуморо ба муносибати тӯйи арӯсӣ табрик мекунем!
-Нафаҳмидам, чӣ хел тӯй? Бе розигии ман, маро ба шавҳар додед?
-Хонум Фотима, ин суханони ман нест, зангҳои бешумори мардум дар бораи тӯйи арӯсиатон моро водор намуд,ки ба Шумо муроҷиат кунем.
-Не, ман ҳоло шавҳар накардаам, аниқтараш мурғи дилам мурдааст ва ба хостгорони зиёд мудом ҷавоби рад медиҳам.
-Клипи “Ёди ту” хеле дилнишин баромадааст. Мухлисон мехоҳанд донанд,ки Фотима дар ёди кӣ ин қадар сӯхта пухта гаштааст?
-Ман дар ишқу ёди ҳеҷ кас намесӯзам. Бигзор дигарон волои шайдои ишқи ман гашта дар ҳасрати дидорам чу ҳезуми тар дуд кунанд. (Механдад) Мазмуни ин суруд ба ҳаёти банда рабт надорад. Дарди дили як дугонаам аст ва хоҳиши ӯро ба оҳанг дароварда сароидам. 
-Одаме нест, ки дарди ишқ начашидаю ранҷ накашида бошад. Магар шумо ба ишқ боварӣ надоред?
-Ба гуфти русҳо “абсолютно” бовар намекунам. Ҳамааш сафсата, лофи беҳуда, сухани нӯги забонӣ аст.
-Фотимахон, ба шумо чӣ шудааст, ки зуд аз ишқ хаставу дилмонда шудаед? Магар аз ёри бевафое хиёнат дидаед?
-Дили бишкастаро дубора пайванд кардан мушкил аст. Ман низ ин заҳрро маротибае чашида, сахт пушаймон шудаам.
-Ҳамин шабу рӯзҳо ҷавоне ошиқи шайдоятон гашта, ба шумо изҳори муҳаббат намояд,муҳаббаташро қабул мекунед?
-Муносиби дил бошад, чаро не? То имрӯз ошиқи асил дар ҳаётам пайдо нашудааст. Раваду пайдо шавад, хушбахташ мегардонам.
-Бештари духтарон орзуи шавҳари варзишгар доштанро мекунанд. Фотима чӣ?
-Ман не! Ман дар орзуи шавҳари духтур, ҳуқуқшинос ё собҳибкор ҳастам, агар аз ҳаМИн тоифа ягон талабгор пайдо шавад, эҳтимол розигӣ диҳам.
-Агар сарояндагӣ намебуд, кадом пешаро интихоб мекардед?
-Албатта духтуриро, чунки аз хурдӣ орзуи духтур шуданро доштам. Ман баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббӣ супорида истода будам, ки падарам занг зада гуфтанд: “Фотима, ту бояд ба консерватория ҳуҷҷат супорӣ, зудтар ҳуҷҷатҳоятро гиру биё, туро интизорам”. Ҳамин хел, артистика шудаму орзуи духтур шудан дар дилам монд. 
-Мегӯянд, ки Шумо бо Мадина Ақназарова рақибед?
-Не, баръакс,модугонаҳои ҷонием ва мудом аз аҳволи ҳамдигар хабар мегирем.
-Дар оила чанд фарзандед?
-Дар оила мо як писару як духтарем,танҳо манн муҷаррадам.
-Ҳоло аз паси кадом корҳо ҳастед?
-Орзуи консерт барпо намудан дорам ва кули мулисонамро аз наздик дидан мехоҳам.

31-07-2019, 19:48       290 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости