САДРИДДИН: ҲОЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДИДА, ҶИГАРАМ ХУН МЕШАВАД!



- Садриддин, кишвари ҳамсояамон Афғонистон аз Тоҷикистони мо хеле қафо мондааст, аммо сарояндагони афғонро дар Лондону Амрико бештар мешиносанд. Барои банда муаммост, ки чаро сарояндаҳои эрониву афғон, ки ҳамзабони мо ҳастанд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба зудӣ шӯҳрат меёбанду ҳофизони тоҷикро кам андар кам мешиносанд... 

-Иллат дар он аст, ки шоу-бизнес дар мо рушд наёфтааст. Сарояндаҳои эрониву афғони таронаҳояшнро дар хориҷӣ кишвар дар студияҳои замонавие сабт менамоянд, ки дорои имкониятҳои беҳудуд ҳастанд. Баъдан, онҳо продюсерони ботаҷриба доранд. Шабакаҳои телевизионие доранд, ки шабу рӯз фақат суруду мусиқӣ пахш мекунанд. Аксари санъакорони тоҷик чунин имкниятҳоро надоранд. 

-Шумо солҳо инҷониб дар саҳнаҳои калони ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунед ва аллакай мактаби ҳунарии худро доред. Ҳунари кадоме аз сарояндаҳои тоҷикро эътироф мекунед? 

-Ҳунармандоне, ки ман дӯст медораму эътироф мекунам, бе гирифтани номашон ҳам мухлисон онҳоро хуб мешиносанд. Дар бораи насли ҷавон бшад, имрӯз он қадар ҳофиз зиёд шудааст, ки исми ҳамаи онҳоро дар хотир нигоҳ доштан хеле душвор аст. Вақт беҳтарин довар аст ва сарояндагони хасакиро худ аз майдон берун хоҳад кард.

-Садриддин, росташро гӯед, барои ба саҳнаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтан чӣ лозим аст: пули калон, дастгирӣ ё ҳунари асил?

-Ҳунари асил албатта нақши ҳалкунандаро мебозад, аммо бе пул ҳам намешавад. Дар шароити имрӯза, агар сароянда маблағ надошта бошад, наметавонад видеоклипҳои пурқиммат созад, ҳунари худро тарғиб намояд. Ҳар қадаре, ки сароянда барои сурудаш пули калон сарф кунад, ҳамон қадар сифати сабт ва танзими тарона беҳтар гашта, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мешавад ва албатта мухлисони худро пайдо мекунад. 

-Сарояндае, ки чандон овози ширадор ва ҳунари кироӣ надорад, агар видеоклипҳои олиҷаноб созад, метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ шӯҳрат ёбад?

-Бисёранд сарояндаҳое, ки на он қадар садои хуб доранд, лекин техника аз онҳо ситораи сатҳи ҷаҳонӣ сохтааст. Бо ин ҳама касоне, ки бо ҳунари асил сру кор доранд, сараро аз носара зуд ҷудо мекунанд.

-Аксари сарояндаҳои машҳури тоҷик соле ақаллан як маротиба ба Русия сафари ҳунарӣ карда, барои муҳоҷирон консерт медиҳанд. Чаро шумо ин корро намекунед?

-Ростӣ, барои ман дидани аҳволи тоҷикон муҳоҷир дар Русия дардовар аст, зеро аксарияташон рӯзгори сахтеро ба сар мебаранд. Дар сафаре, ки чанд сол қабл ба Новосибирск доштам, шоҳиди як манзараи риққатовар гаштам. Ҳудуди саду панҷоҳ нафар тоҷикбачаҳо бо умеди тамошои консерти банда аз гӯшаву канорҳои гуногуни Русия ба ин шаҳр омадаанд, аммо дар ҷайбашон пуле надоштанд, ки чипта бихаранд. Гуфтанд, ки ҳар чи пуле доштем, сарф карда аз як шаҳри дигар ба умеду шунидани суруду оҳанги тоҷикӣ омадем. Дилам ба ҳолашон сӯхту аз ташкилкунандагони консерт хоҳиш кардам, ки онҳоро ба толор ворид созанд. Барои ман дидани чунин ҳолатҳо дардовар аст, аз ҳамин сабаб ба Русия камтар сафар мекунам. Аз ҷониби дигар, хеле саркор ҳастам. Ман дигар ба худам тааллуқ надорам, бояд ҳамеша пайи эҷод ва такудав бошам.

-Дар Русия тоҷиконе низ ҳастанд, ки соҳиби ному нони калон гаштаанд...?

-Ман инкор намекунам, албатта ҳастанд тоҷиконе, ки дар Россия зиндагии хуб доранд, кори хуб доранд, аммо чунин афрод хеле кам, ангуштшуморанд.

-Назари шуморо ба муҳоҷирати меҳнатӣ донистан мехостем?

-Муҳоҷират имрӯз ба як раванди байналмиллалӣ табдил ёфтааст, вале ман орзу мекунам, ки дар Ватан ҷойҳои хуби кор пайдо шуда, ҷавонмардон ва ҷавонзанҳои тоҷик аз ранҷи ғарибӣ раҳоӣ ёбанд. 

-Бисёре аз ситораҳои ҷаҳонӣ осорхона доранд ва тӯҳфаҳои мухлисону дигар ашёҳои қиматбаҳои худро дар намоиш мегузоранд. Садриддин ҳам нияти осорхона ташкил кардан дорад ё не?

-Аксари тӯҳфаҳое, ки дар Ватан ва дар хориҷ аз мухлисон гирифтаам, дастагул буданд. Дастаи гул умри зиёд надорад ва онро дар осорхона нигоҳ дошта намешавад. Албатта ҳастанд тӯҳфаҳои қимматбаҳое, ки ман онҳоро маҳфуз нигоҳ медорам. Ҳамин, ки имкон даст дод, албатта осорхона кушода, ҳамаи онҳоро ба намоиш мегузорам. 


Манбаъ: Оила


22-08-2019, 00:18       229 просмотров

Поделитесь с друзьями:




ad

Похожие новости