ҚАДАМИ ҚУРБОН БА ХОТИРИ МИНО ЗАНАШРО 3-ТАЛОҚ КАРД?(ВИДЕО)

Занги телефонии як мухлиси ашадии Қадами Қурбон журналистони сомонаи “Оила. ТЧ”-ро дар ҳайрат гузошт.

Ин ҷавон, ки худро ҳамчун Исмат муаррифӣ намуд, мегӯяд баъди клипи машҳур ва пурсару садои “Умираю” Қадам ба Мино ошиқи зор гашта, ба хотири ин бонуи зебою дилкаш талоқи ҳамсарашро додааст. Ба гуфти Исмат Қадами Қурбон ният доштааст, ки ба хонаи ин нозанин рафта, расман Миноро аз модараш хостгорӣ кунад... 

Барои ҳақиқати ин овозаҳоро фаҳмидан мо ба Қадами Қурбон занг задем, аммо гӯширо писараш Қаноатшоҳи Қурбон бардошта, гуфт, ки падараш айни замон дар шаҳри Қурғонтеппа буда, имкони сӯҳбат кардан надорад. Чораи дигар наёфта мо ба саволҳои худ аз писари Қадами Қурбон посух ҷустем. 

-Қаноатшоҳ, моро овозаи зани нав гирифтани падаратон дар ҳайрат гузошт...

-Аҷиб, чи хел зани дуюм?

-Мегӯянд, ки баъди сабти клини “Умираю” қадами Қурбон ба Мино ошиқи зор шуда, ба хотири ин зебосанам аз ҳамсараш расман ҷудо шудааст, то ки ба хонаи Мино хостгор фиристода... 

-(Механдад) Э нее, ин овоза ягон ҳақиқат надорад! Мо як оилаи калон ва хушбахт ҳастем. Падарам зани нав нагирифтааст ва умуман фикри зани дуюм гирифтан дар сараш нест... 

-Боз мегӯянд, ки зани Қадами Қурбон аз рашк оташ гирифта ба сари Мино рафтааст...

-Одам, ки номдор шуд, баъд дар борааш ҳар хел гапҳоро бофтан мегиранд. Падари ман бо Мино фақат ҳамкори мекунанду халос. Ягон робитаи дигар надоранд.

-Каме дар бораи оилаатон маълумот медиҳед?

-Албатта! Мо дар оила чор писар ва ду духтар ҳастем. Ман ва апаам Меҳрангез оиладорем, ду бародарам-Наврузҷону Муҳаммадҷон ва хоҳари хурдиам Нилуфар ҳанӯз мактабхонанд... 

-Гуфтагӣ барин, ба наздикӣ боз додарчадор шудед мегӯянд. Муборак шавад!

-Раҳмату лекин додари хурдиам Умарҷон аллакай яксола шуд.

-Ташаккур Қаноатшоҳ! Мегуфтед,ки падаратон то сароянда шуданаш чикора буданд?

-Падарам аз ҳамон аввал сароянда буданд.

-Модаратон чӣ? Он кас дар куҷо кор мекунанд?

-Модарам хонашин ҳастанд ва ба тарбияи мо, фарзандон машғуланд.

-Қадами Қурбон ҳоло ҳам бо таппонча ба туйҳо меравад?

-Бале (механдад).Таппонча рамзи Қадами Қурбон шуда мондаааст.

-Мегӯянд, ки агар Қадами Қурбон бо таппонча ба тӯй равад, маблағи калонтар талаб мекунад?

-Ин суханҳо ягон асос надоранд. Нархи тӯйгузаронии падарам аз таппонча вобастагӣ надорад. Ҳаққи хизмат ба минтақае, ки тӯй дар он ҷо баргузор мешавад, вобаста аст. Тӯй дар шаҳри Душанбе бошад, тахминан ҳафт-ҳаштҳазор сомонӣ мегиранд. 

-Қадами Қурбонро кӣ машҳур кард ва продюссераш кист?

-Фикр мекунам, ки сурудҳои ҳазломезаш боиси яку якбора машҳур шудани падарам гашт. Айни ҳол продюссер надоранд.

-Мегӯянд, ки зиндагии якчанд нафар шахсони номдор имрӯз аз ҳисоби падари шумост? Ин гап рост аст?

-Бале, рост аст, бисёр блогерҳои шабакаҳои интернетӣ ба мисли Ютуб ва Инстаграмм аз ҳисоби паҳн намудани видеоҳои нави Қадами Қурбон пули калон кор карда, зиндагиашонро пеш мебаранд. 

-Дар охир ягон гуфтанӣ доред?

-Бале, дорам. Ба мухлисони падарам барои дастгириашон миннатдорӣ баён карда, гуфтаниям,ки ба наздикӣ Қадами Қурбон клип ва консерти навашро пешкаши ҳаводоронаш хоҳад кард. 




29-08-2019, 01:05       1 139 просмотров

Поделитесь с друзьями:




ad

Похожие новости