ЗАНИ ЗАФАРЧА: БАЧАҲОИ МАРО "ПОДСТАВА" КАРДАНД

Тӯли ду ҳафтаи охир дар бораи фарзандони сарояндаи шинохта Зафар Аюбӣ якбора ду хабари ҳангомавӣ паҳн гашта, мухлисони ин ҳофизи номдорро ба даҳшат афканд. 

Сароғоз навори пур аз фаҳшу фуҷури ишқварзии писари калонии Зафарча бо духтари зебое дар интернет пайдо шуда, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Хӯрду калон ба ин ду ҷавони беандеша, ки аз Худо ва бандагонаш шарм надошта, муносибати маҳрамонаи худро дар ҷогаҳи хоб ба намоиш гузоштаанд, лаънат мехонданд. Бархе бар он андеша буданд, ки писари Зафарча махсус ин навори пур аз фаҳшро дар интернет паҳн кардааст, то ки обрӯи он духтарро, ки фарзанди як ҳофизаи номдор будааст, резонад, аммо бархи дигар онро кори дасти душманон ҳисоб карда, мегуфтанд ба хотири бадном кардани Зафар Аюбӣ ин наворро ба интернет партофтаанд. Овозаҳо дар боби ба ҷавобгарӣ кашида шудани писари зафарча хеле зиёд буданд, вале баъзан хабаре пайдо шуд, ки гӯё волидони духтару писар маслиҳат карда, сари фарзандонашонро ҷуфт намудаанд. Бо ҳамин ин моҷаро гӯё хомӯш гашт, аммо чанд рӯз пас номи оилаи Зафарча боз ба даҳони мардум афтид. Ин дафъа писари дуюми Зафар Аюбиро дар он муттаҳам мекарданд, ки гӯё маст шуда, дар як тарабхонаи машҳур ҷавонеро корд задааст. 

Барои фаҳмидани ҳақиқати ин овозаҳо мо ба Зафар Аюбӣ занг задем, вале телефонро ҳамсари ин саряндаи машҳур бардошт:

-Салом! Бубахшед,метавонам бо Зафар Аюбӣ сӯҳбат кунам?

-Воалейкум салом. Зафар ҳоло нестанд. Ман ҳамсарашон. Кӣ мепурсад?

-Ман Шабнам. Журналисти сайти Оила.

-Бале Шабнамҷон гап занед.

-Апаҷон,шунидем ки писаратон Вафо касеро корд задаасту ҳоло паси панҷара нишастааст?

-Худоё тавба! Ин овозаҳои дурӯғро кӣ мебофта бошад?! Вафоҷон каме пештар ба меҳмонӣ рафт.

-Навори ишқварзии писаратон бо духтари як сарояндаи номдор ҳам дурӯғ аст?

-Дар ҳақиқат писарам бо он духтар чанд сол боз муносибатҳои ошиқона дошт. Натанҳо мо, балки падару модари он духтар низ инро медонистанд, аммо баъд гапашон гурехту ҷудо шуданд. Писари ман бо он духтар дигар ягон муносибату алоқа надорад... 

-Мегӯянд, ки Вафо махсус ба хотири рехтани обрӯи падару модари он духтар ин наворро дар интернет партофтааст...?

-Аввалаш ин ки натанҳо дар телефони писари ман, балки дар телефони ҳамон духтар ҳам ин навор буд. Ин кор бо розигии духтар шудааст. Ман сад фоиз медонам, ки он наворро писари ман ба интернет напартофтааст. Ин кори дасти душманон аст. Мехоҳанд писарамро “подставит” карда, бо ҳамин роҳ обрӯи шавҳарамро резонад. 

-Шунидем, ки баъди пайдо шудани он навор дар интернет ба хотири харидани обрӯятон шумо он духтарро хостгорӣ кардаед ва ба наздикӣ тӯй мешавад...?

-Дурӯғ аст. Мо ба ягон ҷо хостгорӣ нарафтаем, чунки писари ман аллакай оилаи обод ва зану фарзанд дорад. Бовар кунед, ин ҳама овозаю ҳаномаҳо маро бемор карданд. Илтимос, дар сайтатон нависед, ки писари Зафарча на ягон хел видеои фаҳшро паҳн кардаасту на касеро корд задааст. Инҳо ҳамааш амали душманон ҳастанд. Мехоҳанд бо ҳамин восита обрӯи Зафар Аюбиро резонда, оилаи моро бадном созанд. Аз тамоми мухлисони шавҳарам хоҳиш мекунам, ки ба ин иғвогариҳо дода нашаванд.

-Ташаккур, ки вақтатона дареғ надошта ба саволҳои мо ҷавоб додед.

Манбаъ: Оила


6-09-2019, 17:22       481 просмотров

Поделитесь с друзьями:




ad

Похожие новости