ТИРБОРОНИ ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР МАҲАЛЛАИ ИСПЕЧАК(ВИДЕО)

Ҳафтаи гузашта сомонаи «Оила» навореро аз зиндагии хонаводагии сарояндаи ҳаҷвсаро Қадами Қурбон омода намуда буд, ки дар шабакаҳои интернетӣ ғулғула афканд. 

Пас аз ин барнома шӯҳрат ва маҳбубияти Қадами Қурбон дар байни мардум боз ҳам афзунтар гашт. Далели равшани ин гуфтаҳо маҳфили арӯсиву домодие мебошад, ки дар маҳаллаи Испечаки пойтахт барпо гаштааст. Бо шунидани он ки Қадами Қурбон ба маҳаллаи Испечак ба як тӯй меҳмон мешудааст, натанҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои гирду атроф низ барқсон паҳн гашт. Мухлисони Қадам даста-даста роҳи ин маҳалларо пеш гирифтанд. Кор ба ҷое расид, ки роҳ аз маҳаллаи Зарафшон то Испечак банд шуда, мошинҳо дигар озодона рафту омад карда наметавонистанд. Дар худи тӯйхона бошад, гӯё замин кафида одам баромада буд. Кӯдакон “Акаи қадам, акаи Қадам” гӯён, ҳаёҳӯй мекарданд, калонсолон ҳамдигарро тела дода, мехостанд ақаллан як назар Қадами Қурбонро бубинанд... 

Бо дидани шумораи зиёди мухлисонаш Қадам ба қавли маъъруф маст шуда, чунон маъракаро гарм кард, ки ногуфтанӣ. Ҳангоми сурудани таронаҳои “Малика куштӣ бобота” ва”Амон дар дастут камон” Қадами Қурбон аз таппонча гӯё ҳавоӣ тир мепаронд ва шӯру ғӯлғӯлаи мухлисонаш ба фалак дакка мехӯрд. Инак, навори видеоиро аз ин маърака манзури шумо месозем.   





1-10-2019, 18:39       428 просмотров

Поделитесь с друзьями:




ad

Похожие новости