Меҳрнигор ва Некруз таронаи “Рақс бикун” – и шодравон Муборакшоро бозхонӣ намуданд

Овозхони ҷавону муваффақи тоҷик Меҳрнигори Рустам таронаи “Рақс бикун” – и ҳофизи саршиноси тоҷик, шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ намуданд.

Таронаи мазкурро Меҳрнигор муштарак бо сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов бозхонӣ намудааст. Тарона ва намоҳанги он дар саҳифаи YouTube-и Меҳрнигори Рустам дастрас мебошад.



Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигор бори аввал нест, ки сурудҳои сарояндагони номии гузаштаи тоҷикро бозхонӣ мекунад. Ӯ чанде пеш таронаи “Маҷнун набудам” – ро бозхонӣ намуда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш хеле хуб пазируфта шуд.

2-12-2019, 20:37       997 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости