Нозияи Кароматулло сабаби як муддат аз саҳна дур буданашро шарҳ дод

Сарояндаи саршиноси тоҷик Нозияи Кароматулло, дар бораи чанд муддат аз саҳна дур буданаш ва нақшаҳои ояндаи худ бо рӯзноманигорон суҳбати ошкоро анҷом дод.

Нозия ва бародараш Муҳаммадрофеъ меҳмони Радиои Asia-Plus шудаанд, дар ин бора оҷонсии хабарии Asia-Plus хабар медиҳад.

“Ман хеле пазмони саҳна шудам ва дар назди оина суруд мехондам, – нақл кард Нозия. – Чун оиладор шудам ва фарзандони хурдсол доштам, вақту имкон надоштам, ки зиёдтар эҷод кунам. Албатта, аз мухлисони азизам узр мехоҳам! Акнун кӯшиш мекунам, он рӯзҳоеро, ки набудам, дубора пур кунам”.


Ӯ гуфт, ки дар ояндаи наздик консерти наваш баргузор мешавад. Ҳамчунин равшанӣ андохт, ки Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба чӣ кор машғул аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/tajikmusic_tj

2-12-2019, 21:13       640 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости