МУХЛИСОН ДАР БОРАИ ТӮЙИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ЧӢ МЕГӮЯНД?

Маъмулан мардҳои калонсоли сарватманд ба хотири дар байни ҳамҷинсонашон худнамоӣ кардан духтарҳои ҷавонро ба занӣ мегирифтанд, акнун ин падида дар байни хонумҳо мӯд шудааст. Имрӯз иддае аз бонувони машҳур бо ҷавонмардони аз худашон чандин сол хурд арӯсӣ карда, мехоҳанд бо ин амал ҳамешаҷавон, зебову дилкаш ва серхаридор будашонро собит созанд... 
МУХЛИСОН ДАР БОРАИ ТӮЙИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ЧӢ МЕГӮЯНД?
Пештар шавҳари ҷавон кардан бештар ба занҳои шӯҳратманд ва бою бадавлати аврупоӣ хос буд, аммо ин падида явош-явош то ба Шарқ низ расид. Ҳамакнун бархе аз хонумҳои тоҷик, ки шӯҳрату обрӯ ва пулу моли зиёд доранд, домоди ба қавли маъруф “ҳанӯз очааш мӯчӣ накарда” пайдо намуда, бо оростани тӯйҳои пуршукӯҳ ҳамагонро ба ҳайрат меоранд. Яке аз чунин бонувони ҷасур, ки ҳафтаи равон ба қаҳрамони тамоми сомонаҳои интернетӣ табдил ёфтааст, Сурайё Қосимова мебошад. Хабари издивоҷи ин ҳунарманди машҳури тоҷик бо як ҷавони аз худаш 30-сол хурд интернетро қариб тарконд. Дар кӯчаву паскӯчаҳо низ имрӯзҳо сухан танҳо аз тӯйи арӯсии примадонаи тоҷик меравад. Мехоҳед фаҳмед, ки мухлисон нисбати ин ҷашни арӯсӣ ва шавҳари ҷавон кардани Сурайё Қосимова чӣ назар доранд? Пас ба навори видеоии мо мутаваҷҷеҳ бошед. 

6-10-2020, 22:33       381 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости