НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО ОРЗУИ ДЕРИНАИ ПАДАРАШРО АМАЛӢ КАРД


Нозияи Кароматулло, овозхони 33-солаи тоҷик бо гузашти чандин сол хабар дод, ки орзуи деринаи падари шодравонашро амалӣ кардааст. Овозхон дар барномаи телевизионии “Лазиз бо Аловуддин” аз дирӯзу имрӯзаш ёдовар шуд. “Баъди хатми Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев, ҳуҷҷатҳоямро ба Консерваторияи Ҷумҳурии Ҳиндустон супорида, соли аввал дар бахши хореография ва чанд соли баъд дар бахши вокал таҳсил кардам. 

Падарам бисёр мехостанд, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ҳиндустон таҳсил карда бошанд, аммо фурсат намеёфтанд ва ман ин орзуи падарҷонамро амалӣ кардам”,-гуфт Нозия. Аз ҳамин ҷост, ки дар эҷодиёти Нозия сурудҳои ҳиндӣ кам нестанд ва ҳаводоронаш низ дар Ҳиндустон зиёданд. Нозия соли 2014 ба шавҳар баромада, чанд муддат аз саҳна дур ва ба тарбияи фарзандонаш машғул буд. Феълан ӯ се фарзанд, ду духтару як писар дорад. Дар зимн, санаи 5-уми майи соли равон дар саҳни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Нозияву Муҳаммадрафӣ парда аз рӯйи нимпайкараи овозхони зиндаёд Кароматуллои Қурбон (1961-1992) бардошта шуд.   

Манбаъ: Оила

23-05-2021, 01:08       716 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости