МАДИНА БАСАЕВА БА АФРИҚОИЁН ХАЙР КАРД



Мадина Басаева, тоҷикдухтари машҳуре, ки “Маликаи Тикток” ба шумор меравад, бо амалҳои худ мухлисонашро ҳамеша дар ҳайрат мегузорад. Вақтҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ ғайб задани Дина (Мадина Басаева) ҳаводорони ин зебосанамро ба ташвиш оварда буд, вале ӯ ба мисли офтобаки дурахшони баҳорӣ, ки якбора аз паси абрҳои тира чеҳраи гармашро намоён карда, ба дилу дидаи мардум гармию сафо мебахшад, боз аз худ дарак дод. 

“Дуруд ба ҳамагон! Акнун ман интернет дорам ва метавонам бо шумоён дар алоқа бошам!”-навиштааст Дина бо меҳру муҳаббати бепоён. Маълум шуд, ки Маликаи Тикток ба Африқо сафар карда, тамоми ин муддат фақат бо корҳои хайр машғул будааст.

Аз касе пӯшиде нест, ки мардуми Африқо мушкилоти зиёде доранд ва ҳаёти сангинеро ба сар мебаранд. Шумораи одамони дармондаву мӯҳтоҷ дар ин сарзамин хеле зиёд аст. Мадина барои бенавоён хӯроки ройгон ташкил карда, ба мардум ошу нон додааст, то ба рӯҳу арвоҳи падараш дуо кунанд. 

Норасоии об яке аз мушкилоти асосии африқоиён ба шумор меравад, аз ҳамин хотир зебосанам чоҳи об кандааст, то ки сокинони ин минтақа бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд. 

Дина дар Африқо ҳодисаҳои аҷибу ғариби бисёреро аз сар гузаронда, дар фурудгоҳ пойафзоли дӯсташ ва ҷомадони шахсии ӯро дуздидаанд, аммо зебосанам заррае ҳам нороҳт нашуда, мегӯяд барои ӯ сафар кардан ба ин сарзамин гуворост. Ҳаводоронаш аз хайрхоҳии ин зебосанам ба ваҷд омада, барои амалҳои некаш ба Дина таҳсину офарин мехонанд. 

Манбаъ: Оила

27-05-2021, 01:30       155 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости