МАНИЖАИ САНГИН:БОРИ ДУВВУМ НАХОҲАМ РАФТ!



Манижа, ки дар Евровидение-2021 ҷои 9-умро ишғол кард, гуфт, ки дигар дар озмуни мусиқӣ иштирок намекунад!
Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабор, ки Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекард, ба Маскав баргашт. Дар фурудгоҳ ӯ сарироҳӣ ба нашрияи Starhit чанд сухан аз таассуроти худ баъди озмун нақл кард. 

Сароянда гуфт, ки дар фурудгоҳ дар назди нуқтаи муоинаи шиносномавӣ ӯро шинохтаанд ва барои иҷрояш ташаккур гуфтанд.

Аммо зодаи Душанбе гуфт, дигар дар Евровидение ҳунарнамоӣ карданӣ нест.

"Ман дӯст медорам, ки як корро як бо кунам, дафъаи дигар як чизи наве кунам. Не, ман бори дуввум нахоҳам рафт. Агар ҳамчун ровӣ даъват кунанд ва ё ,барои ҳамкории зич бо Евровидение меравам", - гуфт Манижа.

Овозхони рус илова кард, ки Евровидение 2021 абадӣ як боби муҳим дар ҳаёти ӯ хоҳад монд. Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон дар финали Евровидение бо рақами 5 Русияро намояндагӣ кард. 

Мунаққиди мусиқӣ гуфт, ки чаро Манижа дар Евровидение - 2021 ҷойи 9-умро гирифт Ҳунарнамоии Манижа дар финали Евровидение 2021 қавӣ буд ва мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор гирифт. Ҳамзамон, навори ҳунарнамоии Манижа барои суруди "Зани рус" скртамошобинтарин миёни дигар таронаҳои муддаии озмун буд, ки 10 миллион маротиба боздид шудааст.

Ғайр аз он, ин композитсия чартҳои iTunes-ро дар 5 кишвари аврупоӣ ба даст овард.

Аммо, пас аз эълони овозҳо аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон, суруди Манижа 204 хол ба даст оварда, танҳо ҷои 9-умро ишғол кард.

Манбаъ: Оила

27-05-2021, 01:33       478 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости