Нигина бо 40 ситораи ШОУ-БИЗНЕС дар як клип


Як рӯз қабл Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи тоҷик, суруд ва намоҳанги ҷадиди худро пешниҳоди ҳаводоронаш намуд, ки наздики 43 ҳазор нафар онро тамошо карда, баҳои баланд додаанд.  

Сомон Муҳаммад дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, навиштааст, ки суруди "Фиребо"-и Нигина Амонқулова бо чеҳраҳои саршиноси кишвар баъди интизориҳои зиёд омода гардид ва акнун онро метавонед, тамошо кунед! 


Як манбаъи муътамад мегӯяд: Студияи Qiam Entertainment намоҳанги ҷадиди Нигина Амонқуловаро нашр кардааст, ки дар он ҳудуди 40 ситораи шоу-бизнеси тоҷик иштирок кардаанд.

Дар муаррифиномаи намоҳанг омадааст, ки матни суруд моли рӯзноманигор ва шоири шинохта Орзу Исо буда, оҳанги он эҷоди худи Нигина Амонқулова будааст. Дар соатҳои аввал намоҳангро наздики 15 ҳазор нафар тамошо карда, беш аз 1 ҳазор нафар писандида, ба Нигина офарин хонданд.  

Дар клип ситораҳои шинохтаи тоҷик, ҳунармандони театр, моделу реперҳо, ровиёну блогерон иштирок карда, ҳусни дигар зам намудаанд.

Qiam Entertainment ҳамоиши ҳудуди 40 ситораро дар намоҳанги Амонқулова далели эҳтиром ва дӯстӣ дар бахши мусиқии Тоҷикистон хондааст ва гуфтааст, ки ин навгонӣ дар шоу бизнеси тоҷик бори нахуст дида мешавад. 

Манбаъ: Оила


29-04-2020, 01:10       447 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости