УБАЙДУЛЛО РАҶАБ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ

Имрӯз яке аз сутунҳои азими санъати театрии тоҷик, беҳтарин актёр ва беҳтарин ҳаҷвнигори кишварамон, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикисон Убайдулло Раҷаб аз олам даргузашт.

Ин ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик 80 -сол дошт, вале сабабҳои марги ҳунарманд ҳанӯз гуфта нашудааст. Тафсилоти ин ҳодиса ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти ин устоди санъат сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, фарзандону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён менамоянд ва дар таҳаммули ин талафоти бузург барояшон аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил хоҳонанд. Ҷоят ҷаннат бод, эй марди сар то по ҳунар! 

1-07-2021, 16:32       1 143 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости