Баҳром Ғафурӣ - Садама ва марги нобахангом

Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад...
Сарояндаи шинохта, нотакрор, маҳбуб ва хушсадову хушсимои санъати тоҷик Баҳром Ғафурӣ имрӯз 7 - уми августи соли равон соати 4- и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ дар назди Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурд.



Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Баҳром Ғафурӣ 29 - уми феврали соли 1976 дар деҳаи Мазори Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баҳром Ғафурӣ хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Аз Баҳром Ғафурӣ танҳо ду писар, ки яке донишҷӯ бо номи Анушервон ва дигаре бо номи Эҳсони 17 - сола нишона монданд.
Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таронаи аввалини Баҳром Ғафурӣ бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” аст, ки ӯ соли аввали таҳсилаш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сароида буд. Баҳром Ғафурӣ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 19 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст.
Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” шарафёб гардида, солҳои 2011 ва 2014 ду маротиба ба ҷоизаи маъруфи амрикоии Big Music Awards соҳиб шудааст.
Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром Ғафурӣ дар он нақш офарида буд, ин филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.
МВД сообщил подробности ДТП, в котором погиб Бахром Гафури ...

Ёди зиндаёд Баҳром Ғафурӣ аз дида ба дилҳо рафт ва албатта, гуфтору амали некаш то абад дар хотираи пайвандону дӯстон ва мухлисони азизи бешумораш маъво мегирад.Равонат шоду ёдат ба хайр, манзили охиратат ободу ҷойгоҳат дар биҳишт бод Баҳром Ғафурӣ.
Ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳам.



Маросими ҷанозаи Баҳром Ғафурӣ имрӯз, соати 11:00 дар манзили модараш, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба номи "Ҳазрати Мавлоно" – и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Муъмина Розикова


8-08-2020, 00:20       1 559 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости