Моҷарои Барон ва Абдурозиқ: Кӣ киро “кидат” кард?


Сару садоҳо дар бораи қатъ шудани ҳамкорӣ ва ба тамом вайрон шудани муносибатҳои ду ситораи олами шоу-бизнеси тоҷик-Барон ба Абдурозиқ, ки натанҳо дӯсту ҳамкор, балки мисли ду бардари ҷонӣ буданд, аз овоза ба ҳақиқат табдил ёфтанд. Субҳи имрӯз дар Ютуб ва Инстаграм навроҳои видеоие пайдо шуданд, ки аз вайрон шудани муносибати Барон ва Абдурозиқ баъди ба Дубай рафтани Абдурозиқ дарак медиҳанд. Сароғоз Барон тариқи як навори видеоӣ ба мухлисонаш дарди дил карда, аз он шиква намуд, ки баъди ба Дубай рафтан Абдурозиқ тамоман одами дигар шудааст ва бо ӯ ҳатто гап задан намехоҳад. Аниқтараш шахсоне, ки айни замон Абдурозиқ бо онҳо кор карда истодааст, ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо Барон гап занад. Барон аз он ҳарос дорад, ки ин одамон Абдурозиқро шаш моҳ истифода бурда, аз ҳисоби ӯ пули калон кор мекунанд ва баъдан ин ҷавони бе пушту паноҳи тоҷикроба қавли маъруф “кидат” карда, дар мулки бегона тани танҳо мегузоранд, аммо... Абдурозиқ дар ҷавоби ин гуфтаҳои Барон як навори видеоӣ пахш карда, иддао мекунад, ки Барон планшет, сони, нотбут ва дигар таҷҳизоти техникии ба ӯ тааллуқ доштаро аз худ кардааст ва ҳар гоҳ Абдурозиқ он чизҳоро пурсон шавад, ягон баҳона пеш меорад. Абдурозиқ дар ин навор дар бораи маблағҳои калони пулие ҳарф мезанад, ки моли ӯ буданд, вале он пулҳоро Барон ба ҷайби худ задааст. Ба гуфти Абдурозиқ барои барпо нашудани муҳорибаи ӯ бо Ҳазбулло як миллион рубл додаанд ва он маблағро Барон ба суратҳисоби шахси дигар гузаронида, ба Абдурозиқ ягон сум надодааст. Ҳамин тавр Абдурозиқ боз аз чанд муомилоти калони пулӣ ҳарф зада мегӯяд куҷо шудани н пулҳоро фақат Барон медонад ва ба вай ҳеҷ нафъ ё суде нарасидааст, ҳарчанд дар асл он маблағҳо моли ӯ буданд. “Канӣ он пулҳо?!”-мепурсад Абдурозиқ. Навори пахш намудаи Абдурзиқ хеле кӯтоҳ буда, дар охир вай бо суханони “Худо медонад, ки киро занад” ҳаволаи ин қазияро ба офаридгор месупорад, вале... Барон мегӯяд арабҳо ваъда додаанд, ки барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд ва барои як хона шуда, Абдурозиқ бародарони тоҷикашро фурӯхт. Падари Абдурозиқ дар як гуфтагӯи телефонӣ ба Барон муроҷиат карда мегӯяд, Абдурозиқ рӯзи сешанбе аз Дубай меояд ва якҷоя нишаста, ин масъаларо ҳал мекунанд, аммо... Ҳанӯз маълум нест, ки дар асл аз байни Барон ва Абдурозиқ гурбаи сиёҳ гузаштааст ё ин ду ситораи шоу-изнес ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва хайп кардану шӯру валвала ангехтан махсус ин моҷароро худашон ташкил кардаанд. 

18-11-2021, 14:00       628 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости