Дамирбек Олимов моро тарк кард!



Дамирбек Олимов моро тарк кард!

Овозхони шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов чанд соат пеш ҷаҳони фониро тарк гуфт. 

Умари Пӯлод, яке аз рӯзноманигорони тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин бора хабар дода, навиштааст: "БОЗ ЯК СИТОРАИ ТОБНОК АЗ ДУРАХШИ  САНЪАТИ ОВОЗХОНИИ ТОҶИК МОРО ТАРК ГУФТ. САД АФСӮС БЕҲТАРИН ИНСОН БУДАНД. ХУДО РАҲМАТУ МАҒФИРАТАШОН КУНАД" 

Сабаби марги ин сарояндаи саршиносро садамаи нақлётӣ гуфтаанд.

Яке аз корбарон  гуфтааст, ки  22 соат пеш, шарҳи охири худро дар яке аз дӯстонаш гузоштааст.

Дамирбек Олимов баъд аз дуэт бо Нигина Амонқулова хонданаш шӯҳраташ миёни мардум   зиёд гашт.

Дамирбек Олимов аз худ сурудҳои зиёдеро барои ҳаводорони суруду таронаҳояш ба ёдгор гузошт. 

Рӯҳаш шод бод!

10-02-2022, 22:33       304 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости