Сурайё Қосимва дар бораи шавҳараш чӣ мегӯяд?

Сурайё Қосимова шояд ягона ҳунармандест, ки ҳар сурудаш, ҳар амалаш, ҳар гуфтааш боиси сарусадои ом мегардад. Ситораи Сурайё хеле барвақт дурахшид.



Ӯ шояд ягона ҳунарманди тоҷик аст, ки аз даврони кӯдакӣ ситора шуд. Соли 1970 вақте Сурайё 13 сол дошт, ба саҳна баромад ва ин шеъри шоири машҳури ҳамон солҳо Сайдалӣ Вализодаро сароид: 

Дар шашяки рӯи замин,
Бар давлати мо офарин.
Кард мулки моро нозанин,
Ленин, бародар, раҳнамо…

Он солҳо ин сурудро Одина Ҳошим сароида буд, вале иҷрои духтарчаи хурдакак, ки тариқи телевизион пахш шуд, вирди забонҳо гардид. Ҳамин тавр, дар санъати тоҷик ситораи нав бидурахшид: Сурайё Қосимова! 

Такя ба модар Сурайё Қосимова 21 апрели соли 1957 дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Падараш баъди тавлиди фарзанди чорум оиларо тарк мекунад. Модараш Давлатбӣ, киошпази Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр буд, 4 фарзанд - Садбарг, Сурайё, Шамс ва Файзро ба танҳоӣ ба воя расонид. Аз ин оила ду нафар ба ҷодаи санъат рафтанд, яке Садбарг, дигаре Сурайё. -Модари ман санъатро дӯст медошт, - ба ёд меорад, Сурайё Қосимова ва идома медиҳад, -Ӯ зид набуд, ки мо ба роҳи санъат равем. Фақат насиҳат мекард, ки нағз рафтор кунед, пеш аз ҳама хоксор шавед, ба калонсолҳо нағз муносибат кунед, гашта нигоҳ накунед, гап нагардонед. Мо ҳам гуфтаҳои ӯро мекардем. Вақте мо бисёр хурд будем, падарам моро танҳо гузошта, ба ноҳияи Ванҷ рафта дигар барнагаштанд. Модари ман 4 фарзандро худаш ба танҳоӣ калон кард. Мо падарамонро надида калон шудем. Бинобар ин, ҳамеша ба модар такя мекардем. 

Аз пайи Садбарг Барои ба ҷодаи санъат рафтани Сурайё Қосимова хоҳари бузургаш Садбарг сабабгор аст. -Ман аз 13-солагӣ якбора ба саҳнаи театри касбӣ баромадам. Хоҳари калонии ман Садбарг Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар Театри шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода кор мекард. Ман хоҳиш мекардам, ки маро ба машқҳо ва барномаҳоятон баред, зеро меҳр доштам ба ҳунар. Як рӯз кадом раққоса бемор мешавад.Ба ман гуфтанд, ки рақс карда метавонӣ? Гуфтам, ҳа. Маро ба саҳна даъват карданд ваҳамин тавр шуруъ шуд фаъолияти кории ман. Баъди чанд рӯз Садбарг ба директори театр,шодравон Қурбон Зардаков мегӯяд, ки хоҳарчаи ман хуб суруд мехонад. Эшон дар як чорабинӣ аз ман хоҳиш карданд, ки суруд хонам. Баъди суруд хонданам маро ба сифати сароянда ба кор гирифтанд. Ман фақат 4 ё 5 моҳ раққоса будам, дигар сароянда шуда фаъолият кардам, - ба ёд меорад Сурайё Қосимова. Ҳамин тавр, овозаи ҳунари Сурайё аз театри Кӯлоб ба тамоми Тоҷикистон паҳн шуд ва сурудҳои ӯ ба қалби мардум роҳ ёфт. 

Сурайё Қосимова бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа, сурудҳои тӯёна месарояд. Ӯ бо сурудҳои «Ба ман ояд» (шеъри Рӯдакӣ, оҳанги А. Одинаев), «Бахтномаи мо» (шеъри М. Ҳайдаршо, оҳанги М. Миров), «Ватан» (шеъри Ҳ. Ғоиб, оҳанги Д. Холов), «Медонам» (шеъри М. Ҳакимова, оҳанги Ҷ. Обидпур), «Дидори ёр» (шеъри Ҳофиз, оҳанги Т. Юнусов) ва ғ. дар байни халқ машҳур гаштааст. Чун Сурайё Қосимова корманди театр буд, ҳунари ӯ аз чашми режиссёрҳо дур намонд. Ӯро барои иҷрои нақшҳои гуногун дар намоишҳо ҷалб мекарданд. Модар («Карим девона»-и Т. Аҳмадхонов), Марям («Мукофот»-и Н. Енисенку), Ҳумайро («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ), Гиатсинта («Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молер), Сокина («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев) ва ғ. Беҳтарин нақшҳои иҷрокардаи Сурайё Қосимова дар саҳнаи театр ҳастанд. Ӯ маҳорати худро дар кино ҳам санҷида дар ду филми бадеӣ – “Беҳуда хорам мекунӣ” ва “Бедил” нақшҳо иҷро кардааст. 

Болу пари Сурайё
Бо вуҷуди шуҳрати бемислаш дар соҳаи санъат беҳтарин эҷодиёти Сурайё Қосимова фарзандонаш ҳастанд, бахусус ду фарзанди ситорааш – Шабнам ва Фарзона. -Ҳатто дар фикрамнабуд, киду духтари ман санъаткор ва миёни мардум маҳбуб мешаванд. Дар хунашон, ки будаст, ба ин роҳ рафтанд... Ҳозир ҳама худашро ситора мегӯяд, ман ҳақ надорам, ки чунин гӯям, зеро инҳо фарзандони ман ҳастанд, халқ бояд баҳо диҳад. Ман чӣ суханҳое, ки модарам мегуфтанд, ба инҳо гуфтам. Асос хоксор бошед, мегӯям ҳамешад.Фикр мекунам, ки Шабнаму Фарзона овозхони хубанд, бисёр духтарони хоксор низ ҳастанд. Аз Сурайё Қосимова борҳо пурсидаанд, ки чаро мактаби эҷодӣ боз намекунад. Ӯ бо ҳисси ифтихор посух медиҳад: “Ман мактаби эҷодӣ дорам. Ду духтарам давомдиҳандаи кори ман ҳастанд...”. Воқеан, Шабнаму Фарзона на танҳо дар дохили кишвар балки дар ҷаҳони форсизабон мухлисони зиёде доранд. 

Вақте ситора ҷарима мешавад...
Тавре зикр шуд, номи Сурайё Қосимова ҳамеша вирди забони хосу ом аст ва ҳар як амали ӯ боиси сарусадо мегардад. Дар 2-3 соли охир номи ӯ аз сархати расонаҳо канда набуд. Аввал вақте Агентии зидддикорупсионӣ ӯро ба миқдори хеле калон ҷарима баст, расонаҳо ҳама дар мавриди ӯ ҳарф мезаданд. Худи ӯ ин қазияро чунин шарҳ дод: -Ман 16 сол роҳбари ансамбли этнографии Фалаки вилояти Хатлон будам, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ буд. Вақте бемор шудам, ариза дода роҳбариро гузоштам. Баъди ин, аз рӯйи ҳурмату эҳтиром маро солистка гузарониданд. Гоҳо кор мерафтаму гоҳо не, маоши ночиз медоданд, 1200 сомонӣ. Лекин ман дар як сол то 20 барнома дар Кӯлобу маркази вилояти Хатлон ва дигар шаҳру навоҳӣ иҷро кардам. Ҳама навозандаҳоям аз ҳисоби худам, ҳам меҳмонхона аз ҳисоби худам, ҳам дигар сарфу хароҷот. Инҳо маро аз рӯйи маоши 1200 сомонӣ ҷарима карданд, вале вақте талаб кардаму баромадҳои маро 5 ҳазорӣ ҳисоб карданд, 110 ҳазор сомонӣ мешудааст... Хайр, як иштибоҳ шуду гузашт. 

Шавҳари ҷавон
Дигар сабаби вирди забони хосу ом шудани Сурайё шавҳари ҷавон карданаш мебошад. -Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки боз оиладор мешавам. Вақте шавҳарам гузашт, писарчаам наздам омада гуфт, ки “оча, шумо шавҳар мекунед?” Гуфтам чаро? Гуфт, ки “ҷӯраҳои ман мегӯянд, ки модари ту дарав шавҳар мекунад”. Пурсидам, ки “ба ту чӣ хел маъқул аст, Эмомалиҷон?” Гуфт, ки “шавҳар кунед ҳам, Очаҷон, дертар шавҳар кунед...” Вақте писарам аз олам даргузашт, баъдан фаҳмидам, ки дертар гуфтани ӯ ҳамин будааст... Дар фикру хаёлам шавҳар мекунам, дигар хушбахт мешавам, ҳаёту зиндагиро аз сар оғоз мекунам гуфтанӣ гапҳо набуд. Лекин насиб будааст. Бисёр хурсандам, ки ба марди хеле оқил ба шавҳар баромадам. Худо ба шукр, зиндагиам нағз. Фикр намекардам, ки ман аз нав чунин хушбахт мешавам. Шукр, ки ҳоло зиндагиам хуб аст ва ин хушбахтиро ба ҳамаи занони тоҷик орзу дорам. Имрӯз Сурайё Қосимова бо шавҳари ҷавон дар ҳалқаи фарзандону набераҳояш хушбахт аст. Мо ба Сурайё Қосимовасаломатӣ, хотирҷамъӣ ва илҳоми саршор орзу дорем. 

Оила


5-05-2022, 22:50       2 206 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости