Нигина Амонқулова таронаи «Во дили ман” ро пешкаши мухлисон намуд
Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова таронаи наваш бо номи «Во дили ман” бар пояи як ғазали безаволи Мавлоноро нашр кард. «Во дили ман” аз нахустин таронаҳои Нигина баъди таваллуди писари дуюмаш Довудҷон аст. Нигина Амонқулова рӯзҳои 23-24 феврал дар Хуҷанду Бӯстон 6 консерт медиҳад, ки низ нахустин консертҳои ӯ баъди таваллуди Довудҷон мебошанд. Нигина Амонқулова таронаи наваш «Во дили ман”-ро шоми 13 феврал дар канали NIGINAMUSIC — саҳифаи расмиаш дар торнамои Ютуб нашр кард. Ин каналро овозхони ҷавони тоҷик ба тозагӣ дар Ютуб кушодааст ва қасд дорад, минбаъд таронаҳои навашро аз ҳамин канал пешкаши мухлисони худ кунад. Таронаи «Во дили ман” бар пояи як ғазали машҳури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳия шуда ва Нигина Амонқулова ин таронаро бо сабки ороми хоси ӯ ва зери як мусиқии низ ором, вале хеле гӯшнавоз иҷро кардааст. Аммо дар поёни тарона Нигина Амонқулова ба авҷ мегузарад ва сабки иҷрои ӯву суръати оҳанги тарона низ якбора авҷ мегирад: Қасди ҷафоҳо накунӣ в-ар бикунӣ бо дили ман, Во дили ман, во дили ман, во дили ман, во дили ман! Қасд кунӣ бар тани ман, шод шавад душмани ман, В-он гаҳ аз ин хаста шавад ё дили ту, ё дили ман! Волаву Маҷнун дили ман, хонаи пурхун дили ман, Баҳри тамошо, чӣ шавад, ранҷа шавӣ то дили ман! Хурда шакарҳо дили ман, баста камарҳо дили ман, Вақти саҳарҳо дили ман рафта ба ҳар ҷо дили ман! Мурдаву зинда дили ман, гиряву ханда дили ман, Хоҷаву банда дили ман, аз ту чу дарё дили ман! Ай шуда устоди амин, ҷуз ки дар оташ манишин, Гарчи чунин асту чунин, ҳеч маёсо, дили ман! Сӯйи Салоҳи дилу дин омад Ҷабрили амин Дар талаби ниъмати ҷон, баҳри тақозо дили ман!
15-02-2018, 17:36
2 692 просмотров
Поделитесь с друзьями:
Похожие новости